Ихроҷи шаҳрвандони Тоҷикистон аз Русия
Душанбе, 1 апрел. (АМИТ «Ховар»). – Кормандони намояндагии Хадамоти муҳоҷирати назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Русия дар Маркази нигаҳдошти шаҳрвандони хориҷӣ дар шаҳри Маскав бо шароити буду боши шаҳрвандони Тоҷикистон шинос шуданд. Тавре ки аз дафтари матбуоти намояндагии Хадамоти муҳоҷирати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Русия ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, дар ҷараёни мулоқот бо роҳбарияти маркази мазкур маълум шуд, ки то 27 марти соли 2013 — ум 94 нафар шаҳрвандони ҶТ дар ин муассиса нигоҳ дошта мешуданд.Мувофиқи маълумоти манбаъ, дар ҷараёни сӯҳбат бо кормандони намояндагии Хадамоти муҳоҷирати ҶТ дар ФР шаҳрвандони ҶТ аз шароити нигаҳдошташон нақл карданд. Ба кормандони намояндагӣ хабар дода шуд, ки ин шаҳрвандон давра ба давра ба ватанашон фиристода мешаванд.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






