Имзои созишнома
Душанбе, 8 апрел. (АМИТ «Ховар», Покиза Маҳмадбекова ). – Дар ҳошияи Конфронси 11 байниҳукуматӣ, ки дар шаҳри Душанбе баргузор гардид, Созишномаи ҳамкории байни палатаҳои савдо ва саноати вилояти Суғд ва вилояти Пензаи Федератсияи Русия ба имзо расид.Созишномаро директори генералии Палатаи савдо ва саноати вилояти Суғд Мақсуд Зиёбоев ва муовини аввали раиси Палатаи савдои вилояти Пенза Владимир Паршин имзо намуданд.Дар ҷараёни конфронс ҳамчунин мулоқоту гуфтушуниди раиси Палатаи савдо ва саноати ҷумҳурӣ Шариф Саид бо намояндагони ширкатҳои Русия баргузор шуд. Ба масоили рушди ҳамкории соҳибкорони Русия ва Тоҷикистон таваҷҷӯҳи хоса зоҳир гардид. Ҷонибҳо изҳор доштанд, ки ба ҳамоиши аҳли тиҷорати минтақаҳои ҳар ду кишвар, ташкили намоишгоҳу ярмаркаҳои Русия ва Тоҷикистон мусоидат хоҳанд намуд.Дар ин бора аз Палатаи савдо ва саноати ҷумҳурӣ ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






