Имзои Ёддошти тафоҳум бо ширкати чиноӣ
Душанбе, 17 апрел. (АМИТ «Ховар», Покиза Маҳмадбекова). — Дар Душанбе маросими расмии имзои Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи телекоммуникатсия байни Вазорати рушди иқтисод ва савдо ва Ширкати ZTE-и Ҷумҳурии Мардумии Чин доир гардид. Ба мухбири АМИТ «Ховар» аз вазорати рушди иқтисод ва савдои ҷумҳурӣ иттилоъ доданд, ки ҳуҷҷати мазкурро аз ҷониби Тоҷикистон вазири рушди иқтисод ва савдо Шариф Раҳимзода ва аз ҷониби Ҷумҳурии Мардумии Чин ноиби Президенти Ширкати ZTE, Сун Ченг ба имзо расониданд. Бояд гуфт, ки соҳаи телекоммуникатсия яке аз самтҳои пешрафтаи бахши ҳамкории Ширкати ZTE бо Тоҷикистон мебошад. Ширкати мазкур дар тӯли чандин солҳо дар бозори Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият намуда, ҳам бо операторҳои мобилии ҷумҳурӣ ва ҳам бо муассисаҳои давлатӣ ҳамкории зич дорад. Дар айни замон, Ширкати ZTE миқдори муайяни таҷҳизотро барои низоми видеоконфронс ба Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамчун лоиҳаи пилотӣ пешниҳод менамояд. Мақсади татбиқи лоиҳаи мазкур нишон додани фаъолияти самаранок ва сифати ин низом мебошад.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






