Интихоби аъзои Комиссияи экологӣ
Душанбе, 29 апрел.(АМИТ «Ховар»,Марзия Саидова).- Тасҳеҳот ба Созишнома оид ба таъсиси Бонки Аврупоии таҷдид ва рушд, дар ҷаласаи Шӯрои палатаи поёнии Парлумони мамлакат, ки 29 апрел таҳти раёсати Шукурҷон Зуҳуров-раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҷумҳурӣ баргузор гардид, баррасӣ шуд. Зикр гардид, ки ҳадаф аз пешниҳоди Тасҳеҳот ба Созишнома оид ба таъсиси Бонки Аврупоии таҷдид ва рушд ҷиҳати баррасӣ ба Шӯрои Маҷлиси намояндагон аз он иборат аст, ки Бонки Аврупоии таҷдид ва рушд дар пешрафту таҷдиди иқтисодӣ саҳмгузорӣ карда, ба иқтисодиёти озоди бозорӣ, инчунин рушди ташаббусҳои инфиродӣ ва соҳибкорӣ дар кишварҳои Аврупои Марказӣ ва Шарқӣ мусоидат менамояд. Дар ҷаласа ҳамзамон лоиҳаи қарорҳои Маҷлиси намояндагон «Дар бораи раиси Комиссияи экологии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб намудани Маҳмадшариф Ҳақдодов» ва «Дар бораи интихоб намудани ҳайати Комиссияи экологии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» муҳокима гардида, аз рӯи онҳо қарорҳои дахлдор қабул шуданд.








Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад






