Иштирокдорони Бозиҳои олимпӣ Президентро табрик мегӯянд
Душанбе, 4 апрел. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Хайруллоҳ).-Ҷоизадорон ва иштирокчиёни Бозиҳои олимпӣ Расул Боқиев, Мавзуна Чориева, Дилшод Назаров, Анвар Юнусов, Искандари Рустам, Фарҳод Неъматов ва Алишер Гулов Президенти Кумитаи миллии Олимпии Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро ба хотири аз сари нав интихоб шуданаш ба ҳайси Президенти Кумитаи миллии олимпии Ҷумҳурии Тоҷикистон табрик мегӯянд. Аз ҷумла, дар табрикоти олимпичиён омадааст, ки маҳз дастгириҳои пайвастаи Эмомалӣ Раҳмон аст, ки солҳои охир ба тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш таваҷҷуҳи хосса дода мешавад. Иншооти хурду миёна ва бузурги варзишӣ сохта шуда, варзишгарон дасттирӣ меёбанд.Ҳамин буд, ки бори нахуст 16 варзишгари тоҷик ба Бозиҳои олимпии Лондон — 2012 роҳхат гирифта, иштирокчии ин Бозиҳои сатҳи ҷаҳонӣ гардиданд. Бовар дорем, ки дар оянда таҳти роҳбарӣ ва дастгирии бевоситаи Президенти олимпичиёни тоҷик бо ғалабаҳои варзишиашон давлату миллати худро сарбаланд мекунанд. Дар ин хусус аз Кумитаи миллии олимпии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард






