Иштироки Р. Солиев дар ҷаласаи ҳайати парлумонии Аврупо

Апрель 2, 2013 15:19

Душанбе, 2 апрел (АМИТ «Ховар»).- Чанде қабл дар шаҳри Брюссел ҷаласаи навбатии ҳайати парлумонии Аврупо оид ба робита бо кишварҳои Осиёи Марказӣ барпо гардид. Дар ҷаласа вакилони Парлумони Аврупо, сафирони кишварҳои Осиёи Марказӣ, намояндаи Хадамоти Аврупо оид ба муносибатҳои хориҷӣ ширкат варзиданд. Як мавзӯи ҷаласа масъалаи “Соли байналмилалии ҳамкорӣ дар соҳаи об, 2013” буд, ки он бо ташаббуси Намояндаи доимии Тоҷикистон дар Иттиҳоди Аврупо ворид карда шуд. Роҷеъ ба мавзӯи “Соли байналмилалии ҳамкорӣ дар соҳаи об, 2013” Намояндаи доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди Иттиҳоди Аврупо, сафир Рустамҷон Солиев сухан гуфт. Ӯ ба иштирокчиёни чорабинӣ роҷеъ ба ҳадафу вазифа ва натиҷаҳои интизории Конфронси байналмилалии сатҳи баланд дар мавзӯи ҳамкорӣ дар соҳаи об, ки дар шаҳри Душанбе 20-22 августи соли ҷорӣ барпо хоҳад шуд, маълумоти мухтасар манзур намуд. Сафир Р.Солиев аҳамияти татбиқи муштараки ташаббусҳои созандаи Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар соҳаи об, ки Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ аз минбари баланди СММ пешниҳод кардааст, таъкид сохт.

Апрель 2, 2013 15:19

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад