Иштироки рассоми тоҷик дар намоишгоҳи Пекин
Душанбе, 2 апрел (АМИТ «Ховар», Баҳманёр Муродов).- Рассоми ҷавони тоҷик Пайрав Гулов дар намоишгоҳи байналмилалии «Рассомони ҷаҳон», ки рӯзҳои 25-30-уми апрел дар Ҷумҳурии Мардумии Чин баргузор мешавад, иштирок мекунад.Дар ин бора раиси Иттифоқи рассомони кишвар Фаррух Хоҷаев иттилоъ дода, афзудааст, ки интизор меравад ду рассоми ҷавони дигар низ дар ин намоишгоҳи байналмилалӣ иштирок варзанд ва ҳоло интизори даъватнома ҳастанд. Пайрав Гулов коллеҷи санъати ба номи Олимов ва Донишкадаи ҳунарҳои зебои ба номи Мирзо Турсунзодаро хатм кардаас т ва қисми зиёди мусаввараҳои ӯ дар жанри чеҳраофарӣ (портрет) ва манзаранигорӣ (пейзаж) офарида шудаанд.








ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд






