«Истиқлол» пешсафи мусобиқа
Душанбе, 29 апрел. (АМИТ «Ховар», Пайрав Назаров). – 27 апрел дар даври чоруми мусобиқоти Тоҷикистон байни дастаҳои лигаи олӣ оид ба футбол се вохӯрӣ баргузор шуд. Дастаи «Истиқлол» — и шаҳри Душанбе бо ҳисоби 3 бар 1 бар дастаи «Хайр» — и шаҳри Ваҳдат ғалаба кард. Дастаи «Регар – ТадАЗ» бо ҳисоби 1 бар 0 футболбозони дастаи «Вахш» — ро мағлуб сохт. Вохӯрии байни дастаҳои «Помир» ва «Истаравшан» бо ҳисоби сифр бар сифр мусовӣ шуд.28 апрел дастаи «Истиқлол» бозиро бо дастаи «Энергетик» — и шаҳри Душанбе бо ҳисоби 1 бар 1 мусовӣ кард. Хотирнишон месозем, ки баъди се даври мусобиқот дастаи «Истиқлол» — и шаҳри Душанбе 9 хол ба даст оварда, дар ҷадвали мусобиқот мақоми аввалро касб кардааст.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






