Изҳороти матбуотии Эмомалӣ Раҳмон ва Мартин Шулс
Душанбе, 12 апрел. (АМИТ «Ховар», Афшини Муқим).-Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Парлумони Аврупо Мартин Шулc зимни изҳороти матбуотӣ мулоқоти навбатии худро созанда арзёбӣ намуданд. Мартин Шулс аз баррасӣ гардидани як қатор мавзуоти дорои аҳамияти муҳими стратегӣ дар ин мулоқот иттилоъ дода, зикр намуд, ки ин дидор имкон медиҳад, то ҳамкориҳои Иттиҳоди Аврупо бо Ҷумҳурии Тоҷикистон беш аз пеш тақвият ёбанд. Номбурда ба густариши ҳамкориҳо дар соҳаҳои энергетика ва иқтисод изҳори ҳавасмандӣ намуд. Зикр шуд, ки дар ин дидор «истеҳсоли нерӯи барқ бо истифода аз захираҳои обӣ» яке аз мавзуоти меҳварӣ маҳсуб меёфт. Бо ёдоварӣ аз баргузории интихоботи президентии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар моҳи ноябри соли ҷорӣ Мартин Шулс ибрози итминон намуд, ки ин маъракаи сиёсӣ дар сатҳи баланд, шаффоф ва озоду демократӣ баргузор хоҳад шуд. Ҳамчунин Президенти Парлумони Аврупо аз муҳокимаи масоили амнияти минтақавӣ, вазъи кунунии Афғонистон, махсусан пас аз хуруҷи нерӯҳои низомии посдори сулҳ аз ин сарзамин иттилоъ дод. Мартин Шулс даъвати Эмомалӣ Раҳмонро ҷиҳати бо сафари расмӣ ба Тоҷикистон ташриф оварданро бо хушнудӣ пазиро шуд. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон низ дар изҳороти матбуотӣ мулоқоти навбатии худ бо Президенти Парлумони Аврупоро дар самти рушди минбаъдаи ҳамкориҳои Тоҷикистон бо ин ниҳоди муътабар муассир арзёбӣ намуд. «Ҷониби Тоҷикистон ҳавасмандии худро ба тақвияти ҳамкориҳо бо Иттиҳоди Аврупо ва ниҳодҳои он дар бахши такомули равандҳои ислоҳоти демократӣ, густариши робитаҳои тиҷоративу иқтисодӣ ва гуманитариву амниятӣ баён менамояд»,- иброз дошт Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон. Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуд, ки Парлумони Аврупо ҳамчун рукни муҳими ниҳодҳои ҳамгироии Иттиҳоди Аврупо дар таҳкиму густариши минбаъдаи робитаҳои ҷомеаи Аврупо бо Тоҷикистон мусоидати созанда менамояд.








Имрӯз дар Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд






