Кӯмаки башардӯстона ба Тоҷикистон
Душанбе, 16 апрел. (АМИТ «Ховар», Покиза Маҳмадбекова). – Тайи се моҳи аввали соли 2013 – ум 37 кишвари ҷаҳон ба Тоҷикистон ба маблағи 30 миллиону 168 ҳазору 500 доллар кӯмаки башардӯстона расониданд.Мувофиқи маълумоти Агентии омори назди Президенти ҶТ, дар ҳамин давра ба Тоҷикистон дар шакли кӯмаки башардӯстона 2 ҳазору 500 тонна орд, 293 ҳазору 600 тонна равғани растанӣ, ҳамчунин ба маблағи 16 миллиону 100 ҳазор доллар дору ворид гардид. Қобили зикр аст, ки соли 2012 Ҷумҳурии Тоҷикистон тайи ҳамин давра ба маблағи беш аз 10 миллиону 600 ҳазор доллар кӯмаки башардӯстона гирифта буд.








Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад






