Кӯмаки навбатии Фаронса ба АНМН
Душанбе, 3 апрел. (АМИТ «Ховар», Лутфия Эшонқулова). – 2 апрел дар шаҳри Душанбе мулоқоти директори Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти ҶТ Рустам Назаров бо Атташеи навтаъйин оид ба масоили ҳифзи ҳуқуқи Осиёи Марказии Сафорати Фаронса дар Ҷумҳурии Қазоқистон Жерар Патрик баргузор гардид. Назар ба хабари маркази матбуоти Агентии назорати маводи нашъаовар, роҳбари Агентӣ меҳмонро бо вазъи маводи нашъаовар дар Тоҷикистону Афғонистон, ҳамчунин дар минтақаи Осиёи Марказӣ шинос кард. Мавсуф ҳамчунин перомуни ташкили ҳамкории мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ҷумҳурӣ ва кишварҳои ҳамсоя дар мубориза бо гардиши ғайриқонунии маводи нашъаовар сухан кард.Ҷонибҳо дар ҷараёни мулоқот масоили рушди минбаъдаи ҳамкорӣ дар мубориза бо қочоқи маводи нашъаовар, ҳамчунин дурнамои рушди ҳамкорӣ баъди соли 2014 аз Ҷумҳурии Исломии Афғонистон баровардани қӯшунҳои НАТО – ро мавриди муҳокима қарор доданд.Жерар Патрик дар навбати худ дастовардҳои Агентӣ дар мубориза бо гардиши ғайриқонунии маводи нашъаоварро ба дараҷаи баланд арзёбӣ намуда, фаъолияти муваффақонаи мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ҷумҳурӣ дар ҳамаи самтҳои асосӣ ва хусусан дар бахши мубориза бо паҳншавии маводи нашъаоварро зикр намуд. Ҷонибҳо дар анҷоми мулоқот изҳори умедворӣ намуданд, ки ҳамкории дуҷониба ҷиҳати вусъат бахшидани мубориза бо гардиши ғайриқонунии маводи нашъаовар минбаъд ҳам рушду густариш хоҳад ёфт.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






