Каушик БАСУ: «Пешниҳодоти Э. Раҳмонро ба роҳбарияти Бонки ҷаҳонӣ мерасонам»
Душанбе, 4 апрел. (АМИТ «Ховар», Афшини Муқим).- Имрӯз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ноиби калони Президенти Бонки Ҷаҳонӣ Каушик БАСУ-ро ба ҳузур пазируфт. Дар мулоқот масоили ҳамкорӣ ва ҳамгироии муштараки Тоҷикистон ва ин ниҳоди муътабари молиявӣ мавриди муҳокима қарор гирифтанд. Ҷонибҳо ҳавасмандии худро ба тавсеаи ҳар чӣ бештари ҳамкориҳои дуҷониба дар бахшҳои гуногун иброз намуданд. Каушик БАСУ гуфт, дар ин мулоқот мо як зумра мушкилоти ҳалталаби Тоҷикистон, мушкилоти минтақавӣ ва ҷаҳонӣ, аз ҷумла раҳоӣ аз буҳрони шадиди молиявии ҷаҳониро муҳокима намудем. Номбурда пайвастани Тоҷикистон ба Созмони умумиҷаҳонии савдоро рӯйдоди муҳим арзёбӣ намуда, нақши онро дар пешбурди иқтисоди Тоҷикистон муассир хонд. «Аз ҷониби Президенти Тоҷикистон якчанд пешниҳоди муфиду мушаххас садо дод, ки ман ин мавқеъро ҳатман ба роҳбарияти Бонки ҷаҳонӣ хоҳам расонд»,- иброз намуд Каушик БАСУ дар охири суҳбат бо намояндагони васоити ахбори омма.








Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад






