«Каёнуш» ифтитоҳ шуд

Апрель 24, 2013 15:15

Душанбе, 24 апрел. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Хайруллоҳ).- Дар арафаи Паёми навбатии Сарвари давлат ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мусоидати Вазорати энергетика ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бастагӣ бо мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Данғара ва саҳмгузории Ҷамъияти масъулияти маҳдуди «Ёқут — 2000», ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои Президенти кишвар дар бобати ба истифода додани корхонаҳои истеҳсолӣ, аз ҷумла корхонаҳои дӯзандагӣ ва бо мақсади татбиқи нақшаи чорабиниҳои «Барномаи рушди саноати сабуки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи солҳои 2006-2015» имрӯз дар ноҳияи Данғара боз як корхонаи нави истеҳсолӣ бо номи «Каёнуш» мавриди истифода қарор гирифт. Тибқи иттилои шуъбаи котиботи Вазорати энергетика ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон корхона бо дастгоҳҳои дӯзандагии замонавӣ ҷиҳозонида шуда, дар як баст барои 140 нафар ва дар ду баст барои 280 нафар занону духтарони маҳаллӣ ҷойҳои нави корӣ ва маоши муносиб муҳайё гардидааст. Дар корхона дӯхтани либосҳои мактабӣ, рахти хоб ва дигар ҷиҳози дӯзандагӣ ба роҳ монда мешавад.Қобили зикр аст, ки дар ноҳияи Данғара 30 733 нафар хонандагон дар муассисаҳои таҳсилоти ҳамагонӣ ва дар ҷумҳурӣ 1млн.713ҳазор нафар таҳсил доранд.

Апрель 24, 2013 15:15

Хабарҳои дигари ин бахш

ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд