Кишти чигит идома дорад
Душанбе, 16 апрел. (АМИТ «Ховар», Ҳотам Рабиев).-Тибқи дурнамо имсол дар ноҳияҳои водии Ҳисор дар масоҳати 7 ҳазору 632 гектар кишти пунбадона гузаронида мешавад. То имрӯз дар масоҳати 4 ҳазору 324 гектар тухми чигит кишт шуд, ки ин 56 фоизи нақшаро ташкил медиҳад. Вобаста ба шароити обу ҳаво деҳқонони хоҷагиҳои ноҳияҳои Ҳисор, Рӯдакӣ, Ваҳдат, Шаҳринав ва деҳқонони шаҳри Турсунзода мавсими киштро идома медиҳанд. Имсол кишоварзон асосан навъҳои «Флора», «Кармен», «Намангон», «Ҳисор», «Истиқлол» ва дигар навъҳои тухми ватаниро кишт менамоянд.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






