Кишти пунбадона дар Восеъ
Кӯлоб, 13 апрел. (АМИТ «Ховар», С.Холов). – Маъракаи кишти пунбадона дар саросари хоҷагиҳои кишоварзии мамлакат вусъати тоза касб мекунад. Хусусан дар ноҳияи Восеъ аҳли заҳмати хоҷагии деҳқонии «Илҳом» — и ҷамоати деҳоти Тугарак бо истифода аз шароити мусоид барои кишт техникаи заруриро ба саҳро бароварда, то имрӯз дар 70 фоизи замин кишти пунбаро ба анҷом расониданд. Дар ноҳияи Ҳамадонӣ деҳқонони кооперативи истеҳсолии 20 — солагии Истиқлолият кишти пунбаро бо риояи қоидаҳои агротехникӣ ва тухмии серҳосили навъҳои ба шароити иқлими маҳал мусоид пурра анҷом доданд. Саҳмдорони кооперативи мазкур дар соли ҷорӣ дар майдони 130 гектар пунбадона, дар 10 гектар сабзавот ва дар 150 гектар кишти гандум гузарониданд ва баъди ҷамъоварии гандум мақсад доранд дар заминҳои ғалладона кишти такрории маҳсулоти дигари кишоварзӣ гузаронанд.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






