Кишвар ба технологу барномасоз ва табибон ниёзи бештар дорад

Апрель 26, 2013 14:40

Душанбе, 26 апрел. (АМИТ «Ховар»,Руқияи Боймамад).- Бо вуҷуди он ки феълан дар Тоҷикистон муассисаҳои зиёде барои омода намудани мутахассисони соҳаи тибб амал мекунанд, ҳанӯз ҳам нарасидани кадрҳо, бахусус дар манотиқи дурдасти куҳии кишвар сахт эсос мешавад. Вале бо вуҷуди ин хурсандиовар он аст, ки дар ноҳияи дурдасти Рашт ҷавондухтароне, ки бо квотаи президентӣ донишкадаи тиббиро хатм кардаанд. имрӯз дар соҳаи момодоягӣ дар ноҳияи Рашт фаъолият доранд, зикр намуд Президенти кишвар Эмомалӣ Рахмон дар Паёми имрӯзаи худ. Ӯ инчунин дар идомаи суханаш гуфт: “Масъалаҳое, ки бисёр муҳиманд, тарбияи кадрҳои коргарии ҷавобгӯ ба талаботи бозори меҳнати дохилӣ ва хориҷӣ мебошад.Имрӯз зарур аст, ки заминаҳои моддиву техникӣ ва имкониятҳои кадрии ин муассисаҳо ба таври ҷиддӣ беҳтар карда шаванд ва бо назардошти он, ки талаботи бозори меҳнати дохиливу хориҷӣ мунтазам тағйир меёбад, бояд дар ин самт чораҳои саривақтиву муассир андешида шаванд.Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки солҳои охир ҳазорон нафар хатмкардагони муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ бекор монда, бо фаъолияте машғуланд, ки ба ихтисоси гирифтаашон умуман мутобиқат надорад.Мо ҳар сол дар мактабҳои олӣ ҳазорон нафар ҳуқуқшиносу иқтисодшиносонро омода менамоем, вале кишварамон имрӯз ба муҳандисону бинокорон, энергетику технологҳо, барномасозон ва табибони баландихтисоси сатҳи байналмилалӣ ниёзи бештар дорад”.Тибқи маълумот дар давоми солҳои 2008-2012 муассисаҳои таҳсилоти олии касбии кишварро 9 ҳазору 300 нафар бо ихтисоси ҳуқуқшинос ва беш аз 40 ҳазор нафар бо ихтисосҳои гуногуни иқтисодӣ хатм кардааст.

Апрель 26, 2013 14:40

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Имрӯз дар Тоҷикистон эҳтимол раъду барқ ба амал ояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 34 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд