Кодекси мурофиавии ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ дар баррасии парлумон
Душанбе, 1 апрел.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-Аъзои Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷаласае, ки имрӯз таҳти раёсати Шукурҷон Зуҳуров- раиси Маҷлиси намояндагон баргузор гардид, лоиҳаи Кодекси мурофиавии ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистонро муҳокима намуданд. Маҳмадалӣ Ватанов- раиси кумитаи палатаи поёнии Парлумони мамлакат масъалаи мазкурро тавзеҳ дода гуфт, ки лоиҳаи Кодекси мурофиавии ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо тартиби ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз тарафи Президенти ҷумҳурӣ бо мақсади такмили қонунгузории соҳаи мурофиаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ таҳия шуда, барои баррасӣ ва қабул ба парлумон ироа гардидааст. Лоиҳаи ин Кодекс дар заминаи қисми мурофиавии Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон (фаслҳои 3 ва 4) таҳия гардида, масъалаҳои пешбурд ва баррасии парвандаҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ, бо назардошти меъёрҳои байналмилалӣ такмил дода шудаанд. Доираи фаъолияти мақомот ва шахсони ваколатдор васеъ гардида, дар баробари ин, ваколати онҳо бо мақсади ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, ҳимояи манфиатҳои давлат ва субъектҳои хоҷагидор мушаххас гардонида шудааст.Дар лоиҳаи Кодекси мазкур тартиби барасмиятдарорӣ, пешбурд, тартиби баррасӣ, қабули қарор, шикоят овардан ба мақомоти болоӣ ва ё шахсони мансабдори болоӣ, ба суд, аз ҷумла ба коллегияҳои судии судҳои болоӣ аз рӯи қарорҳои қабулгардида, тартиби иҷрои санадҳои қабулгардида ва дигар масъалаҳо пешбинӣ шудааст. Дар Шӯрои Маҷлиси намояндагон ҳамзамон лоиҳаҳои қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйирот ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи шартномаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон» баррасӣ шуданд.








Имрӯз дар Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд






