Консепсияи бунёди иншооти маъмурӣ дар маркази шаҳр
Душанбе, 17 апрел.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).- Консепсияи рушди меъморӣ ва ҷойгузинии иншоот дар қисмати марказии шаҳр бо инобати майдони «Дӯстӣ» дар ҷаласае, ки имрӯз таҳти раёсати раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев баргузор гардид, баррасӣ шуд. Дар ҷаласа, ки меъморони варзидаи ҷумҳурӣ, аъзои Шӯрои шаҳрсозии пойтахт ва масъулини Агентии сохтмон ва меъмории назди ҳукумати ҷумҳурӣ ширкат доштанд, консепсияҳои тарҳрезикардаи пажуҳишгоҳҳои лоиҳакашии ватанӣ ва пудратчии анҷоми корҳои тасҳеҳи нақшаи генералии амалкунандаи шаҳр ҶСШК «Гипрогор»-и шаҳри Маскав ба муҳокимаи мутахассисон пешниҳод гардиданд. Зимни муҳокимаҳои тӯлонии консепсияи бунёди иншооти маъмурӣ дар қисмати марказии шаҳр, аз буриши кӯчаи Теҳрон то кӯчаи Шотемур дар маҷмуъ ҷонибдорӣ гардид. Таъкид шуд, ки шаҳрдорӣ танҳо баъди тасдиқи консепсияҳои мазкур аз ҷониби Роҳбари давлат омодааст миёни пажуҳишгоҳҳои лоиҳакашии ватанию хориҷӣ озмуни кушод эълон намояд. Мавриди зикр аст, ки дар марҳилаҳои қаблии баррасии консепсияҳои мазкур беш аз 18 лоиҳаи мухталиф аз ҷониби мутахассисони ватанӣ ва хориҷӣ пешниҳод гардида буд, ки бештари муаллифонро меъморони ҷавон ташкил медоданд.








БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби ин озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд






