Кўмаки ғизоӣ ба ятимони донишгоҳ
Душанбе, 3 апрел.(АМИТ «Ховар»,Фарзона Достонзода).-Дирӯз бо ташаббуси Иттифоқи касабаи донишҷўён ба 18 нафар ятими Донишгоҳи давлатии омўзгории Тоҷикистон ба номи С.Айнӣ кўмаки ғизоӣ расонида шуд. Тавре ки ба АМИТ «Ховар» аз маркази матбуоти Донишгоҳи давлатии омўзгории Тоҷикистон ба номи С.Айнӣ иттилоь доданд, пеш аз расонидани мавод ба муҳассилон ректори донишгоҳ А.Раҳмонов бо онҳо вохўрӣ намуда, аз шароити рўзгору таҳсилашон пурсон шуд. Зимни суҳбат маълум гардид, ки дар миёни донишҷўён нафарони аз фанҳои таълимӣ қарздор низ ҳаст. Ректори донишгоҳ изҳор кард, ки ба донишҷўён дар ин кор кўмак мерасонад, вале онҳо бояд бепарво набуда, бештар ба мутолиа машғул шаванд. Ректори донишгоҳ масъалаи шароити зисти донишҷўёнро дар хобгоҳ пурсон шуд ва таъкид дошт, ки нафарони ба хобгоҳ ниёзманд метавонанд ба роҳбарият муроҷиат кунанду мушкилашон бартараф шавад. Раиси Созмони ҷавонони донишгоҳ Баҳром Шерматов пешниҳод кард, ки бахшида ба иди ҷавонон озмуни «Мақолаи беҳтарин» ташкил шуда, баъд аз натиҷагирӣ беҳтариҳо бо мукофотҳо сарфароз гардонида шаванд.








Ҳамкории Тоҷикистон ва Созмони ҳамкории иқтисодӣ баррасӣ гардид
Дар Кумитаи хоҷагии манзилию коммуналӣ бахшида ба Рӯзи Президент чорабинии тантанавӣ баргузор гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Дар шаҳри Панҷакент маркази хизматрасонӣ ва тарабхона ба истифода дода шуд
Дар Кӯлоб барои омодагӣ ба ҳолатҳои фавқулода ҷаласа доир шуд
Бахшида ба Рӯзи Президент дар шаҳри Бӯстон Рӯзи дарҳои кушод доир гардид
ПАНҶАКЕНТИ ҚАДИМ. Оид ба омӯзиши он конференсияи илмӣ баргузор шуд
Дар шаҳри Панҷакент фаъолияти корхонаҳои саноатӣ тақвият меёбад
Дар Тоҷикистон масоҳати хонаҳои истиқоматӣ бештар гардидааст
Дар шаҳри Кӯлоб бахшида ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд






