Лоиҳаи «Шаҳри бехатар» ва «Таҳти калид» тасдиқ гардид
Душанбе, 11 апрел.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-Ширкати чиноии «Huawei Technologies Co. Ltd.» ба Тоҷикистон 855 адад камераи назоратиро ворид сохта, онҳоро дар кӯчаҳои Душанбе насб менамояд. Дар ин росто вакилони палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон Шартномаи байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ширкати «Huawei Technologies Co. Ltd.» оид ба таҳвили таҷҳизот барои лоиҳаи «Системаи автоматикунонидашудаи идоракунӣ дар нақлиёт «Шаҳри бехатар» ва пешниҳоди хизматрасониҳои «Таҳти калид» -ро тасдиқ намуданд. Абдулло Навҷувонов- муовини вазири корҳои дохилии ҷумҳурӣ зимни шарҳи масъалаи мазкур дар парлумони кишвар гуфт, ҳадафи татбиқи лоиҳаи «Системаи автоматикунонидашудаи идоракунӣ дар нақлиёт «Шаҳри бехатар» ва пешниҳоди хизматрасониҳои «Таҳти калид» таъмини амнияти шаҳрвандон ва риояи қоидаҳои ҳаракат дар роҳ аз ҷониби ронандагон ва пиёдагардон аст. Лоиҳаи «Системаи автоматикунонидашудаи идора дар нақлиёт «Шаҳри бехатар» ва пешниҳоди хизматрасониҳои «Таҳти калид» бо маблағи 22 миллион $ амалӣ карда шуда, аз он 20,9 миллион $ қарзи дароз муддати Чин буда, 1,1 миллион $ аз ҷониби Ҳукумати Тоҷикистон пардохт мегардад. Интизор меравад, ки татбиқи лоиҳаи мазкур аз моҳи май шуруъ гардида, моҳи ноябр ба анҷом мерасад. Вакилони палатаи поёнии парлумони мамлакат, ҳамзамон дар ҷаласа лоиҳаи қарорҳои Маҷлиси намояндагон «Дар бораи лоиҳаи дастури Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва «Дар бораи таъсис додани кумита ва комиссияҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» — ро муҳокима ва қабул намуданд.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






