М. Султонов-раиси ташкилоти «Иттилоот ва муошират»
Душанбе, 5 апрел. (АМИТ «Ховар», Зарангез Латифова).- Имрӯз ҷаласаи навбатии ташкилоти ҷамъиятии «Иттилоот ва муошират» баргузор гардид, ки дар он зиёда аз 20 намояндаи котибони вазоратҳои дахлдори чумҳурӣ иштирок доштанд. Ташкилоти ҷамъиятии мазкур бо мақсади беҳтар намудани ҳамкории хадамоти матбуотӣ бо ВАО, дастрасии ВАО ба манбаъҳои расмӣ, инчунин рушди босамари ин ҳамкориҳо таъсис дода шудааст. Дар ҷаласаи ташкилоти ҷамъиятии «Иттилоот ва муошират» Давлат Назрӣ, раиси раёсати ҷамъиятии мазкур бо сабаби ба кори дигар гузаштан аз вазифа озод ва Муҳаммадато Султонов раиси ташкилоти ҷамъиятии «Иттилоот ва муошират» таъйин гардид. Бояд зикр намуд, ки ташкилоти мазкур баҳри гузаронидани вохӯриҳою мизҳои мудаввар ва ҳамдигарфаҳмӣ байни сохторҳои Ҳукуматии Ҷумҳурии Тоҷикистон мусоидат менамояд.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






