Мақсад- тарғиби муай-тай дар ҷумҳурӣ
Душанбе, 5 апрел. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Хайруллоҳ).- Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади тарғиби муай-тай дар ҷумҳурӣ, баланд бардоштани маҳорати касбии варзишгарон ва муайян намудани узви дастаи мунтахаби Ҷумҳурии Тоҷикистон 6-7 апрели соли равон дар шаҳри Душанбе чемпионати Ҷумҳуриии Тоҷикситонро оид ба муай-тай доир менамояд. Дар мусобиқа ширкати дастаҳои вилоятҳои Хатлон 1, Хатлон 2, Суғд, ВМКБ, шаҳри Душанбе 1, Душанбе 2, Душанбе 3, шаҳру навоҳии тобеи марказ, ҷамъияти варзишии «Динамо» дар назар аст. Ғолибон ва ҷоизадороне, ки дар ҷамъбасти мусобиқа ҷойҳои аввал, дуюму сеюмро соҳиб мегарданд, бо медалу дипломи Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ ва туҳфаҳои лига ва сарпарастон, инчунин аз рӯи ҳисоби даставӣ бо Ҷом қадрдонӣ мешаванд.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






