«Маҳзар» зарифонро гирди ҳам меорад
Душанбе, 3 апрел. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Хайруллоҳ).- Мутобиқи иттилои сардори Раёсати кор бо ҷавонони Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикисон, масъули ташкили озмуни мазкур-Носири Сайдализода барнома-озмуни телевизионии маҳфили зарифон «Маҳзар» бо ташаббуси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикисон дар ҳамкорӣ бо вазоратҳои фарҳанг, маориф, Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис ёфтааст.Маҳфили зарифон аз тариқи озмун байни мактабҳои олӣ гузаронида мешавад. Дар барнома тамоми мактабҳои олии ҷумҳурӣ ҳуқуқи иштирок карданро доранд.Дастаи мактаби олӣ, ки дар барномаи «Маҳфили зарифон» ширкат меварзад, танҳо аз ҳисоби донишҷӯёни мактаби олӣ бояд иборат бошад. Ба ҳайати даста ворид намудани донишҷӯёни дигар мактаби олӣ ва санъаткорони касбӣ қатъиян манъ аст. Барнома дар доираи чунин шартҳо доир мегардад: саломнома; суруди ҳаҷвӣ; саҳначаи ҳаҷвӣ; суолнома; тақлид.Ба даври ниҳоии озмун чор мактаби олӣ: дастаи Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон «Тоҷири аҷам», дастаи Донишгоҳи давлатии шаҳри Қурғонтеппа ба номи Носири Хисрав «Левакан», Донишгоҳи давлатии шаҳри Хуҷанд ба номи Бобоҷон Ғафуров, Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон «Варзишгар» ғолиб дониста шуда, рӯзҳои 5-6 апрели соли равон дар Кохи «Ҷомӣ» байни ҳам қувва меозмоянд.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






