Маҷлиси навбатии Ҳукумати Тоҷикистон

Апрель 29, 2013 17:51

Душанбе, 29 апрел (АМИТ «Ховар»).- Имрўз таҳти раёсати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Ҳукумати кишвар Эмомалӣ Раҳмон маҷлиси навбатии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. Дар оғози маҷлис нахуст ҳисоботи Раиси ноҳияи Ховалинги вилояти Хатлон дар бораи рушди соҳаи чорводорӣ шунида шуд.Тавре зикр гардид, дар ин ноҳия соли 2012 нисбат ба соли 2000 саршумори чорвои калони шохдор 188%, моли майда 179% ва истеҳсоли гўшт 109% афзудааст. Аз 2228 хоҷагии гуногуни соҳаи кишоварзӣ 102-тоаш ба чорводорӣ машғул аст. Бо нигаронӣ иттилоъ дода шуд, ки аз 3 ҳазор га замини обии ноҳияи Ховалинг якуним ҳазораш бо сабаби аз кор мондани шабакаҳои обрасонӣ аз истифодаи мақсаднок боз мондааст. Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба масъулин дастур дод, ки ин камбудӣ ҳарчи зудтар бартараф карда шавад. Роҳбарияти ноҳияи Ховалинг ва ҳам масъулини ҷумҳуриявӣ вазифадор карда шуданд, доир ба хушзот намудани чорво, афзоиши саршумори он ва боло бурдани нақши ин ноҳия дар таъмини бозори истеъмолӣ бо гўшту шир тадбирҳои муассир андешанд.Раиси ноҳияи Ҷаббор Расулови вилояти Суғд оид ба иҷрои Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ” ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот” ҳисобот дод.Тавре иттилоъ дода шуд, маҷмўи маҳсулоти маҳаллии ноҳия дар семоҳаи якуми соли равон ба 48 миллиону 143 ҳазор сомонӣ расида, нақшаи даромадҳо ба буҷети давлатӣ 101,1% иҷро гардидааст. Корҳои созандагию бунёдкорӣ ва рушди истеҳсолот, аз ҷумла дар соҳаи кишоварзӣ босубот ривоҷ меёбад.Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи фаъолияти аудиторӣ ” ва лоиҳаи як зумра қонунҳои дигар дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба як қатор қонунҳои амалкунанда маъқул дониста шуда, ба баррасии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардид. Тағйиру иловаҳо, аз ҷумла ба қонунҳои конститутсионӣ “Дар бораи мақомоти прокуратура”, “Дар бораи судҳо”, “Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ” ва қонунҳо “Дар бораи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия”, “Дар бораи ҳифзи саломатии аҳолӣ ” ва “Дар бораи роҳҳои мошингард ва фаъолияти роҳдорӣ ” пешниҳод гардид.Нақшаҳои генералии шаҳрҳои Истаравшан ва Исфараи вилояти Суғд, Стратегия оид ба ҷорӣ намудани стандартҳои байналмилалии ҳисоботи молиявӣ ва аудит дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013-2018, Низомномаи таъин намудани Стипендияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба донишҷўёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ва Барномаи таҳияи регламентҳои техникӣ барои солҳои 2013-2014 тасдиқ карда шуд.Ба раисони шаҳрҳои Истаравшану Исфара ва масъулини ҷумҳуриявӣ доир ба ободу зебо намудани ин шаҳрҳои бостонӣ ва дорои имкону захираҳои фаровони рушд супоришҳои мушаххас дода шуд. Таъкид гардид, ки барои навсозии роҳҳои маҳаллӣ , рушди кишоварзӣ , бунёди корхонаҳои нави саноатӣ ва барқарорсозии иқтидорҳои мавҷудаи истеҳсолӣ , муҳайёсозии ҷойҳои нави корӣ ва ҳамчунин беҳсозии сатҳу сифати таълиму тарбияи насли наврас тадбирҳои судбахш амалӣ карда шавад. Қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи таъсиси Муассисаи давлатии таълимии Донишгоҳи давлатии Данғара, Донишкадаи омўзгории Тоҷикистон дар ноҳияи Рашт ва Муассисаи давлатии Озмоишгоҳи миллии тандурустии ҷамъиятӣ қабул гардид.Дар фароварди маҷлис Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба масъулин доир ба корҳои соҳилбандӣ , пешгирӣ аз хатарҳои селу жола ва дигар офатҳои табиӣ , вусъати кишти баҳорӣ , омодагӣ ба кишти такрорӣ , афзун намудани нишондодҳои истеҳсолӣ ва содироти маҳсулот ба хориҷи кишвар супоришҳои мушаххас дод.Дастуру ҳидоятҳо, ҳамчунин оид ба омодагии ҷиддӣ ба Рўзи миллии дав (19 май), Рўзи ҷавонон (23 май) ва ба роҳ мондани чорабиниҳои оммавии варзишию фарҳангӣ , тарғиби тарзи ҳаёти солим ва таҳкими ҳисси худшиносию ватандўстии мардум дода шуд.Маводи муфассал доир ба ин ва дигар мавзўъҳои фаъолияти Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон, аз ҷумла матн, акс ва навори видеоро метавонед аз сомонаи расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «www.president.tj» дастрас намоед.

Апрель 29, 2013 17:51

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Имрӯз дар Тоҷикистон эҳтимол раъду барқ ба амал ояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 34 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд