Мактабхон донишҷӯро ба қатл расонд
Душанбе, 19 апрел. (АМИТ «Ховар», Баҳманёр Муродов).-Аз ҷониби кормандони ШВКД дар ноҳияи Сино Шодмон Воҳидови ноболиғ ҳамчун гумонбар дар куштор дастгир шуд. Бино ба иттилои сомонаи расмии ВКД хонандаи синфи 9-уми МТУ №37 Шодмон Воҳидов, сокини кӯчаи Абдуллобекови пойтахт рӯзи 18.04.с.2013, тахминан соати 17:10-дақиқа бо шаҳрванд Ҳомидов Сафарбек Маҳмадраҳимович, соли таваллудаш 1995, сокини кӯчаи Маяковский, донишҷӯи бахши сеюми Омӯзишгоҳи касбӣ-техникии №65 хархаша намуда, бо корди дар дасташ буда як маротиба ба қафаси синаи ӯ задааст, ки дар натиҷа Сафарбек Ҳомидов ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона ба ҳалокат расидааст. Гуфта мешавад аз рӯйи ин ҳодиса парвандаи ҷиноӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад.








Ҳамкории Тоҷикистон ва Созмони ҳамкории иқтисодӣ баррасӣ гардид
Дар Кумитаи хоҷагии манзилию коммуналӣ бахшида ба Рӯзи Президент чорабинии тантанавӣ баргузор гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Дар шаҳри Панҷакент маркази хизматрасонӣ ва тарабхона ба истифода дода шуд
Дар Кӯлоб барои омодагӣ ба ҳолатҳои фавқулода ҷаласа доир шуд
Бахшида ба Рӯзи Президент дар шаҳри Бӯстон Рӯзи дарҳои кушод доир гардид
ПАНҶАКЕНТИ ҚАДИМ. Оид ба омӯзиши он конференсияи илмӣ баргузор шуд
Дар шаҳри Панҷакент фаъолияти корхонаҳои саноатӣ тақвият меёбад
Дар Тоҷикистон масоҳати хонаҳои истиқоматӣ бештар гардидааст
Дар шаҳри Кӯлоб бахшида ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд






