Мактаби замонавӣ дар Варзоб

Апрель 20, 2013 09:21

Варзоб, 20 апрел. (АМИТ «Ховар» Ҳотам Рабиев).- Дар ноҳияи Варзоб дар вазъияти тантанавӣ бинои мактаби таҳсилоти миёнаи умумии рақами 1 мавриди истифода қарор гирифт. Бинои таълимгоҳ ду ошёна буда, аз 12 синфхона , 1 китобхона, се утоқи корӣ иборат аст. Таълимгоҳи мазкур аз ҳисоби фонди каталикии Вазорати маориф бо маблағи 1 миллиону 668 ҳазору 468 сомонӣ сохта шуда ва ба маблағи зиёда аз 67 ҳазор сомонӣ муҷаҳҳаз гардид. Дар маросими ифтитоҳи мактаби нав муовини Сарвазири мамлакат Руқия Қурбонова , вазири маориф Нуриддин Саидов , намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Варзоб сухан гуфтанд.

Апрель 20, 2013 09:21

Хабарҳои дигари ин бахш