Маориф – соҳаи афзалиятнок
Хоруғ, 1 апрел. (АМИТ «Ховар», Улфатшоев Ҷангибек).- Аз рӯйи «Барномаи давлатии рушди маориф барои солҳои 2010 – 2015» дар машварати васеи назди раиси вилоят, ки рӯзи 29 март сурат гирифт, сардори раёсати маорифи вилоят Ғарибшо Ғарибшоев сухан гуфт. Мавсуф зикр намуд, ки ҳадафи аслии Барномаи мазкур таҳкими заминаи моддию таълимӣ ва техникии муассисаҳои таълимӣ — тарбиявии вилоят мебошад. Зикр гардид, ки аз қабули ин ҳуҷҷати муҳим ҳамагӣ ду сол сипарӣ гардида бошад ҳам, дар иҷрои он пешравиҳои зиёде ба назар мерасанд. Бо вуҷуди ин, тавре ки раиси вилоят Қодири Қосим таъкид намуд, масъалаҳои ҳалталаб ҳанӯз кам нестанд. Чунончӣ, таъсиси мактабҳо ва муассисаҳои томактабии хусусӣ, тезонидани раванди пайвастшавии муассисаҳои таълимӣ ба шабакаи Интернет аз ҷумлаи ин мушкилиҳост. Раиси вилоят раисони шаҳри Хоруғ ва ноҳияҳо, роҳбарони мақомоти дахлдорро вазифадор намуд, то камбудиҳои ҷойдоштаро сари вақт бартараф намоянд.








ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд






