Марги 1 нафар бар асари фаромадани санг
Душанбе, 24 апрел. (АМИТ «Ховар», Лутфия Эшонқулова).- 23 апрел соати 22:40 дақиқа дар шоҳроҳи Душанбе-Хуҷанд, аниқтараш дар километри 116-уми мавзеи Чореи ҷамоати деҳоти Айнии ноҳияи Айнӣ дар натиҷаи фаромадани санги калон сокини ҷамоати деҳоти Русияи ноҳияи Рӯдакӣ Комилҷон Акбаров, соли таваллудаш 1959 ҳангоми пиёда ба самти Душанбе ҳаракат кардан ба ҳалокат мерасад. Тавре ки ба АМИТ «Ховар» сардори маркази матбуоти Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании ҶТ Ориф Нозимов хабар дод, ҷасади шаҳрванди мазкур ба кормандони сохторҳои дахлдори ноҳияи Айнӣ ва хешовандонаш супорида шуд.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






