Машварати корӣ дар ҳузури Сарвазир
Душанбе, 20 апрел. (АМИТ «Ховар»). — Имрўз дар ҳузури Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Оқил Оқилов маҷлиси ситоди корӣ оид ба тайёрӣ ва саривақт омода намудани иншооти соҳаҳои иқтисодию иҷтимоии мамлакат ба давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2013-2014 баргузор гардид. Дар машварат ҳолати иҷрои нақшаи чорабиниҳои дар ин самт пешбинишуда, ки бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз моҳи марти соли равон тасдиқ гардидааст, мавриди баррасию муҳокима қарор дода шуд. Тавре таъкид шуд, дар асоси қарори мазкур дар тамоми шаҳру ноҳияҳои мамлакат нақшаи омодагӣ ва дар сатҳи зарурӣ гузаронидани давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2013-2014 таҳия гардида, ситодҳои корӣ таъсис шудаанд. Оқил Оқилов роҳбарияти вазорату идораҳои дахлдор, вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои мамлакатро вазифадор кард, ки фаъолияти доимии ситодҳои кории шаҳру ноҳиявиро таъмин карда, ба масъалаи таъмиру барқарорсозии иншоти барқу гармидиҳӣ, роҳу нақлиёт, муасиссаҳои маорифу тандурустӣ ва дигар муассисаҳои соҳаи иҷтимоӣ таваҷҷуҳи зарурӣ зоҳир намоянд. Сарвазири мамлакат ҳамчунин барои таъмини саривақтии иншооти муҳими хоҷагии халқи мамлакат бо барқу гармӣ, афзун намудани истихроҷи ангишт ва ба миқдори зарурӣ захира кардани он, инчунин зиёд кардани нуқтаҳои фўруши ангишт ва гази моеъ дар шаҳру ноҳияҳои мамлакат ба масъулони соҳа дастуру супоришҳои мушаххас дод.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






