Масоили фарҳанг ва маорифи диниро коршиносон баррасӣ мекунанд
Душанбе, 16 апрел.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-«Ҳуввияти миллӣ ва давлати дунявӣ: масоили фарҳанг ва маорифи динӣ»- таҳти чунин унвон нимаи дуюми моҳи май дар Душанбе конфронси ҷумҳуриявии илмию амалӣ баргузор мегардад. Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон созмондиҳандаи конфронс аст. Интизор меравад, ки дар кофронс мутахассисони муассисаҳои илмӣ, таълимӣ, олимону муҳаққиқон, исломшиносон ва дигар коршиносони ватанӣ, ки доир ба масъалаҳои фарҳанг ва маорифи динӣ кор мебаранд, иштирок ва маърӯза хоҳанд кард. Аз Маркази исломшиносӣ ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ки иштирокдорони конфронс атрофи масъалаҳои марбут ба истиқлолияти давлатӣ ва эҳёи ҳуввияти миллӣ, давлати дунявӣ-кафили ҳамзистии арзишҳои динӣ ва дунявӣ дар кишвар, дурнамои рушди фарҳанги миллӣ ва динӣ асоси принсипи дунявият, мақоми арзишҳои динӣ дар фарҳанги миллӣ, таҷрибаи байналмилалии таълими динӣ ва таҳсилоти диниву дунявӣ дар давлати миллӣ, қонунгузории миллӣ ва маорифи динӣ табодули назар хоҳанд кард.








ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд






