Масоили имрӯзаи табобат бо гиёҳҳои шифобахш
Душанбе, 2 апрел. (АМИТ «Ховар», Кристина Эрлих). – Чанде пеш дар шаҳри Маскав Анҷумани сеюми байналмилалии мутахассисони бахши табобат бо гиёҳҳои шифобахш ва гиёҳшиносон дар мавзӯи «Масоили имрӯзаи табобат бо гиёҳҳои шифобахш ва гиёҳшиносӣ» анҷом ёфт.Дар ҷараёни анҷуман ҷаласаҳои умумӣ ва симпозиумҳо дар мавзӯъҳои фармакологияи амалӣ, муолиҷаи беморон бо истифода аз гиёҳҳои шифобахш ва ғайра доир шуданд. Аз ҷониби Ҷумҳурии Тоҷикистон дар анҷуман академик, раиси Ассотсиатсияи гиёҳшиносон ва табибони мардумии Тоҷикистон доктор Муллозуҳур Тоҳирӣ ширкат дошт. Муллозуҳур Тоҳирӣ зимни суханрониаш дар бораи таърихи муолиҷа бо гиёҳҳои шифобахш ва истифодаи ин усули тиббӣ дар бахши кардиология нақл карда, аз ҷумла зикр намуд, ки муолиҷа бо истифода аз гиёҳҳои шифобахш усули қадимии табобат ба шумор меравад.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






