Масоили шахсони имкониятҳояшон маҳдуд
Душанбе, 22 апрел. (АМИТ «Ховар», Лутфия Эшонқулова). – Дар Тоҷикистон тартиби муоинаи тиббию иҷтимоии шахсони имкониятҳояшон маҳдуд баҳснок буда, бояд ба таври махсус ҳал карда шавад. Соли 2012 дар ҷумҳурӣ қариб 167 ҳазор нафар маъюбон ба қайд гирифта шуда буданд. Ин рақамҳо дар маърӯзаи Ваколадори ҳуқуқи инсони ҶТ тайи соли 2012 оварда шуданд. Дар маърӯза қайд карда мешавад, ки соли гузашта ҳангоми муоинаи тиббӣ ҳодисаҳои дучори душвориҳо гардидани маъюбон ба назар расидаанд. Баъзан шаҳрвандон дар мавриди муоинаи тиббӣ норозигӣ баён мекунанд. Масалан, як нафар зан ҳангоми муроҷиат ба Ваколатдори ҳуқуқи инсон шикоят намуд, ки ҳангоми муоинаи тиббии фарзандаш ба хатогӣ роҳ дода шуда буд. Шикоятномаи ин зан ба Вазорати тандурустии ҶТ фиристода шуда, дар натиҷаи он фарзанди ӯ такроран мавриди муоинаи тиббӣ қарор гирифта ва маъюб будани ӯ тасдиқ гардид.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард






