Мавсими ниҳолшинонӣ дар Хоруғ
Хоруғ, 1 апрел. (АМИТ «Ховар», Улфатшоев Ҷангибек).-Дар бозори марказии шаҳри Хоруғ ярмаркаи фурӯши ниҳолҳо баргузор гардид. Аз ярмарка раиси вилоят Қодири Қосим, роҳбарони воҳидҳои сохтории мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ВМКБ дидан карданд. Ҳадаф аз баргузории ярмарка омодагӣ ба корҳои баҳорӣ, созандагию ободонӣ, ниҳолшинонию кабудизоркунӣ мебошад. Дар Бадахшон, бахусус, дар ноҳияҳои Рӯшону Роштқалъа, Ишкошиму Шуғнон ва шаҳри Хоруғ ба маъракаи ниҳолшинонӣ акнун оғоз мекунанд, зеро баҳор дар ин ҷо нав фаро расидааст. Нисбат ба соли гузашта дар ВМКБ баҳор имсол тақрибан 10 – 15 рӯз пештар қадами мубораки худро гузошт.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






