Мавсими оммаи варзишӣ дар Суғд
Душанбе, 8 апрел. (АМИТ «Ховар», Баҳманёр Муродов).-Дар давоми ду соли охир бо харҷи беш аз ҳаштод миллион сомонӣ дар қаламрави вилояти Суғд 316 иншооти варзишӣ, аз ҷумла 2 маҷмааи варзишӣ, 2 ҳавзи шиноварӣ, 31 толори варзишӣ, 40 майдончаи варзишӣ, 5 варзишгоҳ ва 236 иншооти дигари варзишии хурду бузург ба истифода дода шуд. Ин нуктаро Қоҳир Расулзода, раиси вилояти Суғд дар оғози мавсими оммавии варзишӣ дар майдони «20 –солагии Истиқлолияти Тоҷикистон»- и шаҳри Хуҷанд зикр намуд. Гуфта мешавад беш аз 15 ҳазор нафар одамони касбу кори гуногун субҳи шанбе, 6-уми апрел мавсими оммавии варзишро дар иншооти мухталифи варзишии шаҳри Хуҷанд оғоз карданд. Ҳамчунин дар муассиса, майдон ва толорҳои варзишӣ, майдончаҳои варзишии назди биноҳои баландошёнаи шаҳри Хуҷанд ва донишгоҳу донишкадаҳо бо иштироки дастаҷамъонаи ҷомеаҳои меҳнатии корхонаву ташкилот, идораҳо, ҳамаи зинаҳои муассисаҳои таълимию тандурустӣ ва сокинон мусобиқаву машқҳои варзишӣ баргузор гардиданд.Манбаъ афзуд, ки мавсими оммавии варзишӣ дар қаламрави вилоят як моҳ идома меёбад.








БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби ин озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд






