Медалҳои нуқраи боксчиёни наврас

Апрель 22, 2013 13:48

Душанбе, 22 апрел. (АМИТ «Ховар». Баҳманёр Муродов).-Дар мусобиқаи қаҳрамонии Осиё оид ба бокс байни наврасон, ки дар шаҳри Чимкенти Ҷумҳурии Қазоқистон баргузор гардид, варзишгарони тоҷик низ иштирок намуда, соҳиби ҷойҳои фахрӣ шуданд.Ба пояи иттилои Хадамоти матбуоти раиси вилояи Суғд дар мусобиқаи мазкур варзишгарони навраси ин вилоят—Далер Ҳусайнов дар вазни 54 кг ва Ҳамза Сулаймонов дар вазни 63 кг сазовори ҷойи дуюм ва соҳиби медалҳои нуқра шуданд.

Апрель 22, 2013 13:48

Хабарҳои дигари ин бахш