Мехоҳед соҳиби 3500 $ гардед? Дар марафон иштирок намоед!
Душанбе, 15 апрел.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-Шаҳрдории Душанбе ғолиби чорумин ниммарафони байналмилалиро бо 3500 $ сарфароз мегардонад. Ин чорабинии варзишӣ дар доираи таҷлили Рӯзи пойтахт 20 апрел бо иштироки варзишгарони кишварҳои хориҷӣ ва пойтахт дар масофаи 21 км 97 метр ва байни кӯдакону наврасон дар масофаҳои 3, 5 ва 7 км гузаронида мешавад. Дилшод Қурбонов-сардори идораи ҷавонон, варзиш ва саёҳии шаҳри Душанбе дар суҳбат ба хабарнигори АМИТ «Ховар» гуфт, ки чорумин ниммарафони байналмилалӣ аз маҳалли Наврӯзгоҳ оғоз гардида, ба самти собиқ дидбонгоҳи Чорбоғ идома меёбад. Самти бозгашти чорабинии варзишӣ аз дидбонгоҳи Чорбоғ шуруъ гардида, варзишгарон тавассути хиёбони Рӯдакӣ ҳаракат менамоянд. Марра ё худ маҳалли анҷоми ин чорабинии варзишӣ Майдони Дӯстӣ-назди муҷассамаи Исмоили Сомонӣ муайян шудааст. Тибқи қарори шаҳрдории Душанбе ғолибони чорумин ниммарафони байналмилалӣ бо мукофотҳои молиявию арзишманд қадрдонӣ мегарданд. Аз ҷумла, ба ғолибони зинаи якум байни занон ва мардон, ки дар масофаи 21 км 97 метр сурат мегирад, мукофот ба маблағи 3500 $ тақдим мегардад. Инчунин ба кӯдакону наврасон-иштирокчиёни чорабинӣ тақдими туҳфаҳо пешбинӣ шудааст. Ҳадаф аз баргузории ниммарафони байналмилалӣ таъмини оммавияти тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш, ташвиқу тарғиби ҳаракати байналмилалии варзиш, устувор намудани робитаҳои ҳамкорӣ байни пойтахт аст.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






