«Модерн» намудани мактаббачагон дар пойтахт

Апрель 16, 2013 14:41

Душанбе, 16 апрел. (АМИТ «Ховар», Руқияи Боймамад).- Имрӯз дар бинои Маркази равобити пойтахт Форуми мактаббачагони шаҳри Душанбе оид ба технологияи иттилоотӣ ва комуникатсионӣ баргузор гардид.  Форуми мазкур бо мақсади баланд бардоштани сатҳи фарханги техникӣ, маданияти иттилоотии интернетӣ, оммафаҳмии технологияи иттилоотӣ, тарғиби имкониятҳои шабакаи Интернет дар рушди сатҳи донишу дараҷаи ҷаҳонбинии наврасон ва ҷавонон гузаронида мешавад. Дар форум Фарҳод Худоёров, муовини сардори раёсати маорифи шаҳри Душанбе гуфт: «Ин гуна форумҳо метавонанд барои баланд бардоштани сатҳи ҷаҳонбинии наврасон оид ба технологияи замонавӣ ва азхудкунии барномаҳои компютерӣ мусоидат намоянд. Форум аз тарафи Маркази ТИК-и назди Раёсати маорифи шаҳри Душанбе таҳти сарпарастии кулли ширкати «Телеком технолоҷи» дар шарикӣ бо Раёсати ҷавонон, варзиш ва сайёҳии шақри Душанбе ва Маркази кӯдакон ва наврасони шаҳри Душанбе баргузор гашт. Асомиддин Шералиев, муовини директори муассисаи давлатии ТИК-и шаҳри Душанбе гуфт: «Ҳадаф аз баргузории ин форум баланд бардоштани сатҳи технологияи фарҳанги ҷавонон, гузариш ба низоми ҳукумати электронӣ, тайёр намудани мутахассисони ҷавон ва ҳамқадами замон будани давлати мо мебошад. Дар озмун 100 лоиҳа пешниҳод шуд, ки аз он 50- тояш баррасӣ шуда, ба 6 лоиҳаи бехтарин туҳфа супорида мешавад. Дар Форум олимону мутахассисони соҳаи технологияи иттилоотӣ ва коммуникатсионӣ, коршиносон ва намояндагони ВАО ширкат доштанд. Дар ҷамъбаси форум маҷмӯаи корҳои анҷомдодаи иштирокчиён нашр мешавад. Форуми наврасон бахшида ба Рӯзи пойтахт баргузор гардида, 17 апрел беҳтарин корҳои толибилмон дар маркази равобити пойтахт қадрдонӣ мешаванд.

Апрель 16, 2013 14:41

Хабарҳои дигари ин бахш

ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд