Муҳаммад Ҳамид Ансорӣ ба Тоҷикистон меояд

Апрель 12, 2013 16:07

Душанбе, 12 апрел (АМИТ «Ховар»).- 14-17 апрели соли 2013 сафари расмии ноиби Президенти Ҷумҳурии Ҳиндустон Муҳаммад Ҳамид Ансорӣ ба Тоҷикистон сурат хоҳад гирифт. Нахуст Муҳаммад Ҳамид Ансорӣ 14 апрел аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон боздид мекунад. 15 апрел дар «Қасри миллат» мулоқоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо ноиби Президенти Ҷумҳурии Ҳиндустон Муҳаммад Ҳамид Ансорӣ баргузор мегардад. Зимни мулоқот масълаҳои густариш ва тавсеаи ҳамкориҳои дуҷониба дар соҳаҳои мухталиф баррасӣ хоҳанд шуд. Ҳамзамон дар ҷараёни сафар ноиби Президенти Ҳиндустон бо Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ Шукурҷон Зуҳуров, Сарвазири Тоҷикистон Оқил Оқилов, вазири корҳои хориҷӣ Хамрохон Зарифӣ ва дигар шахсони расми мулоқот анҷом хоҳад дод.Муҳаммад Ҳамид Ансорӣ инчунин дар ин рӯз ба Донишгоҳи давлатии техникии Тоҷикистон ташриф оварда, бо шароити фаъолияти ин донишгоҳ шинос мегардад. Рӯзҳои 16-17 апрел тибқи барномаи сафари расмии ноиби Президенти Ҷумҳурии Ҳиндустон ӯ ба шаҳрҳои бостонии Хуҷанд ва Кӯлоб сафар карда, аз ёдгориҳои таърихӣ ва донишҳоҳои ин шаҳрҳо дидан мекунад.

Апрель 12, 2013 16:07

Хабарҳои дигари ин бахш

ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд