Муҳаммад Ҳамид Ансорӣ ба Тоҷикистон меояд

Апрель 5, 2013 17:29

Душанбе, 5 апрел (АМИТ «Ховар»).- 14-17 апрели соли 2013 сафари расмии ноиби Президенти Ҷумҳурии Ҳиндустон Муҳаммад Ҳамид Ансорӣ ба Тоҷикистон сурат хоҳад гирифт. Зимни ин сафар мулоқоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо ноиби Президенти Ҷумҳурии Ҳиндустон Муҳаммад Ҳамид Ансорӣ баргузор хоҳад гашт. Зимни мулоқот масълаҳои густариш ва тавсеаи ҳамкориҳои дуҷониба дар соҳаҳои мухталиф баррасӣ хоҳанд шуд. Ҳамзамон дар ҷараёни сафар ноиби Президенти Ҳиндустон ба Донишгоҳи давлатии техникии Тоҷикистон ташриф оварда, бо шароитҳои фаъолияти ин донишгоҳ шинос мегардад. Инчунин тибқи барномаи сафари расмии ноиби Президенти Ҷумҳурии Ҳиндустон ӯ ба шаҳрҳои бостонии Хуҷанд ва Кӯлоб сафар карда, аз ёдгориҳои таърихии ин шаҳрҳо дидан мекунад.

Апрель 5, 2013 17:29

Хабарҳои дигари ин бахш