Муҳоҷирони тоҷик дастгир шуданд
Душанбе, 2 апрел. (АМИТ «Ховар», Лутфия Эшонқулова). – Дафтари матбуоти намояндагии Хадамоти муҳоҷирати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Русия маълумоти дар васоити ахбори омма интишоршударо дар бораи дастгир шудани 15 нафар муҳоҷирони меҳнатии тоҷик ба ҷурми таҷовуз ба номуси шаҳрванди Украина рад намуд. Тавре ки аз дафтари матбуоти намояндагии мазкур ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, ин маълумот ҳақиқат надорад. Мувофиқи маълумоти манбаъ, 15 нафар муҳоҷирон — шаҳрвандони Тоҷикистон, ки шоми шанбеи гузашта дар вилояти Ростов дастгир шуда буданд, ба ҷурми вайрон кардани қоидаҳои сукунат дар Федератсияи Русия истинтоқ мешаванд. Дар ин бора корманди шӯъбаи назорати муҳоҷирати Раёсати федералии Хадамоти муҳоҷирати Русия дар вилояти Ростов Станислав Гелпей хабар дод.Қобили зикр аст, ки шаҳрвандони зикршудаи Тоҷикистон дар яке аз иншоотҳои сохтмонии вилояти Ростов кор мекарданд.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






