Муҳокимаи ҳамкории дуҷонибаи Қирғизистону Тоҷикистон
Душанбе, 5 апрел. (АМИТ «Ховар»). – Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Қирғизистон Олим Раҳимов бо раиси Жогорку Кенеш (Маҷлиси Олӣ) – и Ҷумҳурии Қирғизистон Асилбек Жээнбеков ва роҳбари гурӯҳи дӯстии Жогорку Кенеши Ҷумҳурии Қирғизистон оид ба ҳамкорӣ бо Ҷумҳурии Тоҷикистон Назаралӣ Орифов сӯҳбат намуд.Сафир зимни сӯҳбат аз вазъу дурнамои рушди ҳамкории дуҷониба, татбиқи лоиҳаҳои минтақавӣ дар соҳаи нақлиёту энергетика, аз ҷумла бунёди роҳҳои оҳан ва мошингард ва хатҳои интиқоли барқ хабар дод. Олим Раҳимов ҳамчунин зикр намуд, ки бо даъвати Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон Алмазбек Отамбоев сафари Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар нимаи аввали соли равон ба Қирғизистон дар назар аст, ки ҷониби Тоҷикистон ба ин воқеа аҳамияти хоса медиҳад. Ҳамчунин перомуни бархе масоили минтақавӣ, ки диққати тарафайнро ба худ ҷалб мекунанд, табодули афкор баргузор шуд.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






