Муҳокимаи масоили роҳҳои оҳан

Апрель 25, 2013 10:58

Душанбе, 25 апрел. (АМИТ «Ховар», Покиза Маҳмадбекова). – 24 апрел вазири молияи Тоҷикистон Сафаралӣ Наҷмуддинов бо намояндагони Бонки рушди Осиё бо роҳбарии намояндаи доимии бонки мазкур дар Тоҷикистон Си Си Ю сӯҳбат намуд. Тавре ки аз котиботи Вазорати молияи кишвар ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, дар ҷараёни сӯҳбат перомуни масоили мубрам ва дурнамои фаъолият дар бахшҳои молия, буҷаю андоз ва ғайра табодули афкор баргузор шуд. Ҷонибҳо ба раванди татбиқи лоиҳаҳои муштарак ва масоили марбут ба соҳаҳои афзалиятдори иқтисодиёти Тоҷикистон, аз ҷумла, ба таҳким бахшидани заминаи моддию техникии таҳсилоти касбӣ, рушди бахши энергетика, беҳсозии вазъи роҳҳои оҳан, истифодаи захираҳои об, ҳамчунин дастгирии буҷаи Ҷумҳурии Тоҷикистон таваҷҷӯҳи хоса зоҳир намуданд.Зикр шуд, ки мақсад аз ҳамаи тадбирҳои Ҳукумати Чумҳурии Тоҷикистон баланд бардоштани сатҳи некӯаҳволии аҳолӣ мебошад.Ҳамчунин самтҳои ояндадори барномаҳои муштарак барои соли 2013 ва давраи миёнамӯҳлати солҳои 2014 – 2016 ва танзими муносибатҳои мутақобилаи Тоҷикистон бо Бонки рушди Осиё ва созмонҳои дигари молиявию бонкии байналмилалӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Апрель 25, 2013 10:58

Хабарҳои дигари ин бахш