«Муъҷизаофарин»
Душанбе, 27 апрел. (АМИТ «Ховар», Раъно Нусратуллоева). Бо ибтикори Бунёди адабии Садриддин Айнӣ таҳти роҳбарии Эраҷ Айнӣ ба наздикӣ «Ашъори мунтахаб»-и шоири шаҳири тоҷик Лоиқ Шералӣ аз тариқи нашриёти Мега Басими Ҷумҳурии Туркия аз чоп баромад. Бино ба иттилои сармутахассиси Вазорати фарҳанги ҷумҳурӣ Раҳматулло Раҳматуллоев дар китоб зиёда аз 500 ғазалу қитъа, рубоиву дубайтиҳои шоир гирд оварда шудааст. Аз ҷониби мураттиби китоби мазкур Ниёзбадал Маликов сарсухани пурмуҳтавое таҳти унвони «Муъҷизаофарин» дар китоб ҷойгузин гардидааст, ки маълумоти муфассалеро доир ба паҳлуҳои гуногуни ашъори шодравон Лоиқ Шералӣ дар худ таҷассум менамояд. Дар тафовут бо дигар маҷмӯаҳои ашъори шоир, ки қаблан аз ин интишор гардидаанд, дар нашрияи навин ашъори шоир ба даҳ боб ҷудо шудааст, ки ҳар боб ба мавзӯи мушаххасе бахшида шудааст. Дар китоб беҳтарин ашъори шоир гулчин гардидаанд, ки табъи ҳар як хонандаро бо мазмуни баланду лафзи ширин болида месозад.
Намоиши китоби мазкур 27 апрели соли равон дар Арт галереяи Мино баргузор мегардад








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






