Мукофоти нақдӣ ба Акмалиддин
Душанбе, 1 апрел. (АМИТ «Ховар», Ибодат Давлатова).- Чанд карат Қаҳрамони Тоҷикистон, Қаҳрамони Осиё, Қаҳрамони ҷаҳон миёни наврасон, барандаи медали нуқраи чемпионати ҷаҳон миёни бузургсолон Акмалиддин Каримов соҳиби мукофот гардид.Чуноне ки ба мухбири АМИТ «Ховар» аз Кумитаи миллии олимпии Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд, А. Каримов аз ҷониби Федератсияи байналмиллалии самбо бо маблағи 3 ҳазор доллари амрикоӣ сарфароз шуд. Бояд гуфт, ки мукофоти молиявӣ дар Кумитаи ҷавонон аз ҷониби раиси кумита Маликшо Неъматов дар вазъияти тантанавӣ ба варзишгар тақдим гардид.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






