Мулоқот бо ҳайати Вазорати корҳои хориҷии Эрон

Апрель 19, 2013 10:23

Душанбе, 19 апрел (АМИТ «Ховар»).- 17 апрели соли 2013 дар Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқоти кории муовини вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Низомиддин Зоҳидов бо ҳайати эронӣ таҳти сарварии муовини вазири корҳои хориҷӣ доктор Беҳрӯз Камолвандӣ анҷом ёфт. Дар ҷаласа, ки дар фазои ҳусни тафоҳум сурат гирифт, ҷонибҳо масъалаи бунёди сафоратхонаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Эронро дар шаҳрҳои Душанбе ва Теҳрон мавриди баррасӣ қарор доданд. Бо мақсади баррасӣ ва ҳалли масъалаи мазкур ҷонибҳо ба мувофиқа расиданд, ки ҷузъиёти вогузор намудани қитъаҳои замин ва шартҳои он барои сохтмони сафоратхонаҳо ҳаматарафа омӯхта шавад ва дар нишасти навбатӣ қарори ниҳоӣ қабул гардад. Инчунин вазири корҳои хориҷӣ Ҳамрохон Зарифӣ ҳайати эрониро ба ҳузур пазируфт.

Апрель 19, 2013 10:23

Хабарҳои дигари ин бахш

Алоқа барои донишҷӯён: интернет ва дақиқаҳои зиёд бо 50 сомонӣ дар як моҳ
Дар Ҷамоати деҳоти Равшани ноҳияи Зафаробод корхонаи нави парандапарварӣ бунёд карда шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Дар ноҳияи Мастчоҳ ба кӯдакону наврасони ятим туҳфаҳои Президенти Тоҷикистон тақдим гардиданд
Оид ба нақши Абуалӣ ибни Сино дар ташаккули илм ва фарҳанги башарият дар Хадамоти гумруки Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 42 дараҷа гарм мешавад
ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИН. Сокини Ҷамоати деҳоти Деҳқонободи ноҳияи Дӯстӣ аз як замин се навъи маҳсулот ҷамъоварӣ мекунад
Дар Тоҷикистон мусобиқаи «МегаФон Life дар сабки футбол» анҷом ёфт
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 36 дараҷа гарм мешавад