Мулоқот бо намояндагони Бонки ҷаҳонӣ
Душанбе, 8 апрел. (АМИТ «Ховар», Покиза Маҳмадбекова ). – Чанде пеш мулоқоти муовини аввали Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Матлубхон Давлатов, роҳбарони вазорату идораҳои ҷумҳурӣ ва намояндагони Бонки ҷаҳонӣ бо роҳбарии ноиби президент оид ба масъалаҳои иқтисодиёт ва рушди Бонки ҷаҳонӣ Каушик Басу ва намояндаи доимии Бонки ҷаҳонӣ дар Тоҷикистон Марша Олив баргузор гардид.Тавре ки аз котиботи Вазорати молияи ҷумҳурӣ ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, ҷонибҳо натиҷаи мулоқот бо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро мавриди муҳокима қарор дода, аз раванди рушди ҳозираи иқтисодиёти Тоҷикистон изҳори қаноатмандӣ карданд.Перомуни татбиқи стратегияи миёнамӯҳлати Тоҷикистон оид ба баланд бардоштани сатҳи некӯаҳволии аҳолӣ барои солҳои 2013 – 2015 ва Барномаи Бонки ҷаҳонӣ ҷиҳати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013 – 2015, ҳамчунин дурнамои ҳамкории минбаъда сӯҳбати судманд баргузор шуд.








ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд






