Мулоқот бо ректорони собиқ дар ДМТ
Дущанбе, 19 апрел. (АМИТ «Ховар», Баҳманёр Муродов).-Бахшида ба 65- солагии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ин навбат дар маҳфили «Хирадманд»-и донишгоҳ ректорони собиқи ин боргоҳ Пӯлод Бобоҷонов ва Саидаҳмад Одинаев бо роҳбарият ва устодону донишҷӯёни ин муассисаи таълимӣ мулоқот намуданд. Пӯлод Бобоҷонов ва Саидаҳмад Одинаев дар суханронии худ аз нақши ДМТ дар тарбияи кадрҳои баландихтисос ва мутахассисон ёдовар шуда, донишҷӯёни имрӯзро ба омӯзиш бештар ташвиқ намуданд. Ҳамчунин дар фарҷоми мулоқот Пӯлод Бобоҷонов ва Саидаҳмад Одинаев ба пурсишҳои донишҷӯёни ДМТ посух гуфтанд.








Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад






