Мулоқоти Ҳ. Зарифӣ бо Ян Кубиш
Душанбе, 27 апрел. (АМИТ «Ховар»).- 26 апрели соли 2013 мулоқоти вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳамрохон Зарифӣ бо Намояндаи хоссаи Котиби генералии СММ, сардори миссияи СММ оид ба кӯмак ба Афғонистон (МООНСА) Ян Кубиш доир гашт. Мусоҳибон роҷеъ ба масоили вазъи Афғонистон табодули назар намуда, роҳҳои таҳкими ҳамкориро байни Тоҷикистон ва институтҳои СММ, аз ҷумла бо миссияи СММ оид ба кӯмак ба Афғонистон муҳокима карданд. Ба саҳми Тоҷикистон ҷиҳати барқарории сулҳу субот ва рушди иҷтимоию иқтисодии Афғонистон баҳои баланд дода шуд.Мулоқоти вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистону Қирғизистон
Душанбе, 27 апрел. (АМИТ «Ховар»).- 26 апрели соли 2013 мулоқоти вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳамрохон Зарифӣ бо вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Қирғизистон Эрлан Абдилдаев барпо гардид. Дар вохӯрӣ тарафҳо аз сатҳи рушди ҳамкориҳои дуҷониба изҳори қаноатмандӣ намуда, дурнамои муносибатҳои дуҷониба ва минтақавиро, аз ҷумла, бо назардошти рушди вазъият дар Афғонистон муҳокима намуданд.Мулоқоти вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистону Латвия
Душанбе, 27 апрел. (АМИТ «Ховар»).- 26 апрели соли 2013 дар Алмаато мулоқоти вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳамрохон Зарифӣ бо вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Латвия Эдгарс Ринкевич баргузор гашт. Зимни вохӯрӣ ҷонибҳо роҳҳои инкишофи минбаъдаи муносибатҳои дуҷонибаро мавриди муҳокима қарор доданд. Аҳамияти оғози баргузор намудани машваратҳои байниҳукуматии тиҷоратию иқтисодӣ ва байни вазоратҳои корҳои хориҷӣ таъкид карда шуд. Мусоҳибон инчунин ҳамкориҳои дуҷониба ва минтақвиро баррасӣ намуданд.








БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби ин озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд






