Мулоқоти А. Комилов бо Г. Темник
Душанбе, 4 апрел. (АМИТ «Ховар»). — 3 апрели соли ҷорӣ дар доираи баргузории ҷаласаи Комиссияи муштараки Ҷумҳурии Тоҷикистону Украина оид ба ҳамкориҳои иқтисодӣ дар шаҳри Душанбе мулоқоти директори Агентии сохтмон ва меъмории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон А. Комилов бо вазири рушди минтақавӣ, сохтмон ва хоҷагии манзилию коммуналии Украина, ҳамраиси қисми украинии Комиссияи мазкур Г. Темник баргузор гардид. Дар ин мулоқот масъалаҳои вобаста ба пешбурди соҳаи сохтмону меъморӣ, ташкил ва фароҳам овардани шароити мусоид барои фаъолияти ташкилотҳои лоиҳакашиву сохтмонии ҳарду ҷониб дар қаламрави ду кишвар, таъмини баробарии ҳимояи ҳуқуқ ва манфиати ташкилотҳои сохтмонии ҷонибҳо, таъсиси ширкатҳои муштарак, амалӣ гардонидани мубодилаи афкор дар самти гузаронидани сиёсати ягонаи техникӣ ҳангоми якҷоя таҳия намудани лоиҳаву барномаҳо мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.Инчунин тарафҳо бо таҷрибаи кишварҳои худ дар самти пешравии соҳаи сохтмону меъморӣ ибрози назар карда, тасмим гирифтанд, ки барои ҳарчи зудтар ва босамар татбиқ намудани тамоми тавофуқоте, ки ба даст омадаанд, тадбирҳои судбахш амалӣ карда шавад.Аз натиҷаи мулоқот протоколи ҳамкориҳои байни Агентии сохтмон ва меъмории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати рушди минтақа, сохтмон ва хоҷагии манзилию коммуналии Украина ба имзо расонида шуд.








ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд






