Мулоқоти Э. Раҳмон бо Котиби давлатии Конфедератсияи Швейтсария
Душанбе, 27 апрел. (АМИТ «Ховар»). -Имрӯз Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон Котиби давлатии Конфедератсияи Швейтсария Айвес Россиерро ба ҳузур пазируфт.Дар мулоқот масоили ҳамкории дуҷонибаи Тоҷикистону Швейтсария ва робитаҳои бисёрҷониба, пеш аз ҳама дар доираи Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо (САҲА) баррасӣ шуд.Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон аз дастгириҳои пайвастаи Конфедератсияи Швейтсария аз рушди босуботи Тоҷикистон, аз ҷумла дар раванди омодагӣ ба ҳамроҳшавӣ ба Созмони ҷаҳонии савдо, ёдовар шуда, ба роҳбарияти ин кишвари дӯст арзи сипос намуд.Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон, ҳамчунин аз муҳтавои ҳамкории Тоҷикистон бо Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо, аз ҷумла дар се самти авлавиятноки фаъолияти он – сиёсию амниятӣ, иқтисодию экологӣ ва гуманитарӣ, изҳори қаноатмандӣ карда, ин созмонро “яке аз сохторҳои муҳими ҳамёрии бисёрҷониба дар арсаи байналмилалӣ” номид.Ба фаъолияти Гурӯҳи ҳамоҳангсози “Тоҷикистон-САҲА”, Дафтари ин созмон ва Омӯзишгоҳи олии идораи сарҳадоти он дар Тоҷикистон баҳои баланд дода шуд.Айвес Россиер аз нақши муҳими Тоҷикистон дар минтақа ва сарҳади тӯлонии он бо Афғонистони мавриди таваҷҷуҳи аҳли олам ёдовар шуда, таъкид дошт, ки Конфедератсияи Швейтсария дар доираи муносиботи дуҷониба ва ҳам дар чаҳорчӯби Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо ва дигар созмонҳои бонуфуз аз Тоҷикистон, хусусан пас аз хуруҷи нерӯҳои байналмилалии посдори сулҳ аз Афғонистон, пуштибонӣ хоҳад кард.Айвес Россиер иттилоъ дод, ки навбати раёсат дар Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо соли 2014 ба Конфедератсияи Швейтсария мегузарад, аз ин хотир яке аз ҳадафҳои асосии боздиди ӯ аз Тоҷикистон омӯзиши бештари арсаҳои ҳамкорӣ бо ин кишвар ва ниёзмандиҳои он ба дастгирҳои байналмилалӣ мебошад.Зимни суҳбати созанда ҳавасмандии устувори ду ҷониб ба таҳким ва густариши минбаъдаи ҳамкорӣ таъкид гардид.Маводи муфассал доир ба ин ва дигар мавзўъҳои фаъолияти Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон, аз ҷумла матн, акс ва навори видеоро метавонед аз сомонаи расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «www.president.tj» дастрас намоед.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






